Навиди Вазорат



Ҷаласаи шашуми кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо (КҲСРС)

.

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи шашуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва шарикони рушд баргузор гардид.
 
Ҷаласаро Раиси Кумита – Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода роҳбарӣ намуда, қайд намуд, ки муҳокима ва ҳалли масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва ба рушди босуботи иқтисодии кишвар мусоидат менамояд.
Дар ҷаласа,инчунин аз ҷониби Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода З. А. вобаста ба натиҷа ва фаъолияти Гурӯҳи доимоамалкунандаи коршиносон оид ба такмили фишангҳои тарифию ғайритарифии савдои хориҷӣ ҷиҳати дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди содирот маълумот пешниҳод гардид.
Илова бар ин, дар рафти ҷаласа корҳои иҷрогардида дар робита ба Портали иттилоотии Тоҷикистон оид ба содагардонии расмиёти савдо, ҳисоботҳои вазорату идораҳо ҷиҳати иҷрои супоришҳои дар ҷаласаҳои чорум ва панҷуми Кумитаи мазкур додашуда ва инчунин маълумоти мухтасар вобаста ба рафти иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба мутобиқсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқаррароти Созишномаи СУС доир ба содагардонии расмиёти савдо аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳо пешкаш карда шуданд.
Дар натиҷаи ҷаласа, супоришҳои дахлдор вобаста ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта ба аъзои Кумита бо протоколи дахлдор барои баррасӣ ва иҷро пешниҳод гардид.