Вохӯрии Неъматулло Ҳикматуллозода бо намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд баргузор гардид.
Зимни мулоқот, ҷонибҳо вобаста ба нишондиҳандандаҳои макроиқтисодӣ, афзалиятҳои сиёсати иқтисодӣ ҷиҳати дастгирии бахши хусусӣ, рушди содирот ва молҳои содиротӣ, маҳсулоти кишоварӣ ва банду басти он, фазои сармоягузорӣ, фаъолияти МОИ, иқтисоди пинҳонӣ ва ғайра суҳбат оростанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо баён доштанд.