Ҷамъомад бахшида ба Рӯзи Модар
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба Рӯзи Модар ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказӣ, муассисаҳои зертобеъ ва шоираи шинохтаи ҷумҳурӣ Нуқра Суннатиён баргузор гардид.
Ҷамъомадро бо сухани табрикӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо - Неъматулло Ҳикматуллозода ифтитоҳ карда, иброз доштанд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар кишварамон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди бонувон дар ҷомеаи мо мебошад.
Сипас, Вазир саҳми арзандаи занонро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар таъкид намуданд. Ҳамчунин дар ин рӯзи фархунда бонувони Вазоратро шоираи ширинсухан Нуқра Суннатиён табрику муборакбод намуда, аз эҷодиёти тозаашон дар васфи зан-модар шеърҳо қироат намуданд.
Дар интиҳои ҷамъомад ба як зумра бонувони фаъоли Вазорат ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.