Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Омӯзгорони муҳтарам ва шогирдони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯзҳо сокинони сарбаланди Тоҷикистон барои истиқболи шоистаи ҷашни воқеан мардумӣ, яъне Наврӯз ё соли нави аҷдодӣ сарҷамъона ва бо амалӣ намудани иқдомоти созанда омодагӣ мегиранд.
Дар ин рӯзҳои фасли зебои баҳор бо саъю талоши сокинони пойтахти кишвари маҳбубамон - шаҳри Душанбе низ бисёр корҳои ободонӣ ба анҷом расида, силсилаи иншооту биноҳои нав ба фаъолият оғоз карда истодаанд.
Аз ҷумла имрӯз дар ноҳияи Сино бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 ба истифода супорида шуд, ки ҳамаи шумо, устодону омӯзгорон ва фарзандони азизро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям.
Муассисаи таълимие, ки имрӯз ифтитоҳ гардид, барои 1260 нафар хонанда бо маблағгузории Фонди Саудии Рушд бунёд шуда, дорои 26 синфхона, озмоишгоҳҳо, утоқҳои таълими меҳнат, омӯзиши технологияҳои компютерӣ, толори варзиш, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Дар ин мактаб, ки аз ҳама лиҳоз ба талаботи меъмории замони муосир ҷавобгӯ мебошад, барои хонандагон ғайр аз шароити беҳтарини таҳсил, инчунин, ҷиҳати машғул шудан ба чорабиниҳои гуногуни беруназсинфӣ ва варзиш тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Бинобар ин, ба меъморону сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар ин кори хайр саҳм гузошта, бунёди муассисаи таълимиро дар муҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд анҷом додаанд, изҳор сипос менамоям.
Ҳукумати кишвар дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи баланд бардоштани нишондиҳандаҳои рушди нерӯи инсонӣ тавассути дастрасӣ ба таҳсилот ва муҳайё кардани инфрасохтори зарурии таълиму тарбия эътибори аввалиндараҷа дода, ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия ва дастгирии иҷтимоии омӯзгорону хонандагони лаёқатманд, махсусан, дар пойтахти мамлакат ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Бо дарназардошти он, ки аҳолии шаҳри Душанбе торафт зиёд ва шумораи хонандагон низ сол ба сол афзоиш меёбад, талабот ба ҷойҳои нишаст дар муассисаҳои таълимӣ бештар мегардад.
Алҳол дар пойтахт беш аз 52 ҳазор нафар хонандагон дар ду баст таҳсил мекунанд, ки чунин вазъ мунтазам бунёд кардани инфрасохтори иловагӣ, яъне мактабу синфхонаҳои иловагиро тақозо менамояд.
Вобаста ба ин, моҳи феврали соли 2017 ҳангоми мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳр дастур дода будам, ки дар муддати се сол, яъне то соли 2020 дар шаҳри Душанбе 25 муассисаи нави таълимӣ сохта, ба истифода дода шавад.
Дар доираи татбиқи ин супориш ҳоло бо ҷалби сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ ва аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёди 22 муассисаи таълимӣ бо беш аз 40 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад.
Дар зарфи ду соли охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои зиёда аз 11 ҳазор хонанда ба маблағи умумии 113 миллион сомонӣ ва ду муассисаи томактабӣ ба анҷом расонида, ҳамаи онҳо мавриди истифода қарор дода шуданд.
Ҳоло барои боз ҳам беҳтар гардонидани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии пойтахт, таъмини онҳо бо утоқҳои фанниву озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ се барномаи муҳим татбиқ шуда истодаанд.
Дар Паёми навбатии Президент ба Маҷлиси Олии мамлакат масъалаи фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ таъкид гардид.
Бинобар ин, зарур аст, ки ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо, аз ҷумла бо роҳи ҷалби васеи бахши хусусӣ шумораи муассисаҳои томактабӣ мунтазам зиёд карда, барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Зеро таҳсилоти томактабӣ зинаи муҳимми омодагӣ ба дигар зинаҳои таҳсилот ба ҳисоб меравад.
Имрӯз дар кишвар 636 муассисаи томактабӣ ва қариб 1700 маркази инкишофи кӯдакон фаъолият менамояд, ки дар онҳо 143 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудааст.
Ин нишондиҳанда ҳамагӣ ба 14 фоизи шумораи умумии кӯдакони синну соли томактабӣ баробар мебошад. Тибқи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин рақам то соли 2021 ба 30 фоиз ва то соли 2030 ба 50 фоиз расонида шавад.
Дар шаҳри Душанбе 135 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла 31 муассисаи хусусӣ бо фарогирии 28 ҳазор нафар кӯдакон бо таълиму тарбия машғул мебошад, ки ин нишондиҳанда зиёда аз 33 фоизи шумораи кӯдакони синни томактабиро ташкил медиҳад.
Ҳарчанд ки ин нишондиҳанда дар миқёси мамлакат хеле назаррас мебошад, вале ҳанӯз талаботи торафт афзояндаро қонеъ карда наметавонад. Зеро бори дигар хотирнишон менамоям, ки муассисаҳои томактабӣ дар ташаккули шахсияти кӯдак ва омода намудани ӯ ба мактаб нақши асосӣ доранд.
Ба хонандагоне, ки имрӯз муассисаи нави таълимӣ ба онҳо ҳамчун ҳадяи наврӯзӣ тақдим гардид, таъкид месозам, ки аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумат самаранок истифода кунанд, ба қадри заҳмату ғамхориҳои калонсолон расанд ва бо сатҳи донишу маърифати баланд ва одобу ахлоқи ҳамидаи худ ҳамчун таълимгирандагони мактабҳои пойтахти мамлакат намунаи ибрати дигарон бошанд.
Шумо, фарзандони азиз ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки ояндаи давлат дар дасти шумост. Бинобар ин, кӯшиш кунед, ки бо омӯзиши илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ба иҷрои чунин масъулияти баланд омода шавед, Ватани худро дӯст доред, онро обод кунед ва барои халқу давлати худ ҳамчун фарзанди бонангу номус хизмат намоед.
Дар баробари ин, омӯзгорону устодон ва падару модарон бояд ба фарзандон як масъалаи муҳимро фаҳмонанд, ки сокини пойтахт будан ва дар муассисаи таълимии он таҳсил кардан ҳам ифтихор ва ҳам масъулият аст ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва риояи қонунияту тартибот тарбия намоянд.
Дар охир бори дигар ҳар яки шумо - омӯзгорону шогирдони азиз ва падару модарони гиромиро ба ифтихори ҷашни Наврӯз – Соли нави аҷдодӣ ва ба муносибати ифтитоҳи боз як боргоҳи илму маърифат табрик гуфта, бароятон саломатӣ, муваффақият ва ба шумо, фарзандони азиз, хушбахтӣ ва хониши хубу аъло орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!