Навиди Вазорат



Ифтитоҳи Корхонаи “Гидромехсаноат”-и ҶСК “Тоҷикгидромонтаж” дар шаҳри Норак

.

Дар минтақаи саноатии шаҳри Норак Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали Корхонаи “Гидромехсаноат”-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидромонтаж”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки самти фаъолияти корхона истеҳсоли таҷҳизоти гидромеханикӣ ва металлоконструксияи неругоҳҳои барқи обӣ буда, дар Тоҷикистон ягона корхона ба ҳисоб меравад.

Иқтидори истеҳсолии ин корхонаи нави саноатии мамлакат дар як моҳ то ҳазор тонна таҷҳизоти гидромеханикӣ ва металлоконструксияи неругоҳҳои барқи обӣ мебошад.

Дар Корхонаи “Гидромехсаноат” истеҳсоли ҳама намуд дарвозаҳо, аз ҷумла дарвозаҳои таъмирӣ, асосӣ, садамавӣ ва қубурҳои обрасони турбина барои неругоҳҳои барқи обӣ ба роҳ монда шуда, 250 нафар бо ҷойи кор доимӣ таъмин шудаанд.

Барои истеҳсоли маҳсулот дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла дастгоҳи амудӣ-фрезерӣ, харротӣ-мурватбурӣ, дастгоҳи уфуқӣ-қиргиранда, дастгоҳи чорвалкагии гидравликии даврагӣ, тасмабурӣ, дастгоҳи вараққаткунӣ, варақросткунанда ва ғайра бо маблағи беш аз 15 миллион сомонӣ аз хориҷи кишвар ворид ва васлу насб гардидаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Гуфта шуд, ки чунин таҷҳизот барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ зарур аст ва то ба имрӯз аз Федератсияи Россия ва Украина оварда мешуд ва вазни ҳар як кадоми он аз 50 то 190 тоннаро ташкил медиҳад.

Воридоти таҷҳизоти мазкур дар баробари харҷи зиёди маблағ ҳамзамон вақти бештар талаб мекард.

Имрӯз дар доираи дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳибкорон ва ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат бунёди чунин корхонаҳои азими саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат дода шудааст ва ин раванд дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамчунин ин иқдоми роҳбарияти олии мамлакат ба коҳиши воридоти дасгоҳу таҷҳизот сабаб хоҳад гардид.

Дар ин рӯз баробари фаъол гардидани Корхонаи “Гидромехсаноат”-и Ҷамъияти саҳоми кушодаи “Тоҷикгидромонтаж” ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутахассисони Институти лоиҳакашии сохтмони неругоҳҳо, ки дар назди корхона таъсис дода шудааст, муаррифӣ гардиданд. Тавре таъкид гардид, дар ин институт беҳтарин мутахассисони соҳа ҷалб гардидаанд, ки дар рушди соҳаи энергетикаи мамлакат саҳми назарраси худро хоҳанд гузошт.

Бо бунёди марҳилаҳои дуюму сеюми Корхонаи “Гидромехсаноат” дар баробари афзун гардидани иқтидори истеҳсолӣ шумораи ҷойҳои корӣ низ дар он бештар карда мешаванд.

Аз рӯи маълумоти масъулин феълан барои маъмурият бинои нав сохта шуда, бунёди бинои дуошёна барои коргоҳи дӯзандагӣ ва хобгоҳ барои кормандони Корхонаи “Гидромехсаноат”-идома дорад.

Бояд гуфт, ки дар назди корхона коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият дорад, ки занону бонувон бо истифода аз шароиту имконоти фарохи муҳайёгардида ба дӯхти либоси корӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ барои кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидромонтаж” машғуланд.

Дар ҷойи биноҳои маъмурӣ ва коргоҳи дӯзандагии қаблӣ сохтмони марҳилаҳои ояндаи корхона оғоз хоҳад гардид.

Корхонаи “Гидромехсаноат” дар баробари истеҳсоли дарвозаҳои таъмирӣ, асосӣ, садамавӣ ва қубурҳои обрасони турбина ин таҷҳизотро бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ васлу насб менамояд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ баробари бунёди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ, ҳамзамон таҷдиду навсозии неругоҳҳои мавҷуда идома дошта, ин корхонаи навбунёди саноатӣ имкон медиҳад, ки бо харҷи ками маблағу сарфаи вақт таҷҳизоти зарурӣ бо сифати баланд дар дохили мамлакат истеҳсол ва дастрас гардад.