Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзиши Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав
Ҳамватанони гиромӣ!
Устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз!
Ин лаҳзаҳо, ки дар сартосари Ватани маҳбубамон тантанаҳои наврӯзӣ идома доранд, кулли мардуми сарбаланди вилояти Хатлон, аз ҷумла сокинони шаҳри Бохтар ва ҳамаи шумо – устодону омӯзгорони гиромӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусравро ба ин муносибат табрик мегӯям.
Имрӯз мо ҷашни бостонии ниёгонамон – Наврӯзи Аҷамро дар фазои озоду осуда, дар давлати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил менамоем, ки ин неъмати бузург аст ва мо бояд ба қадри он расем ва шукронаи чунин рӯзҳои осоиштаро ба ҷо оварем.
Дар асоси манбаъҳои таърихӣ ниёгони шарафмандамон Наврӯзро ҳанӯз дар давраҳои мавҷудияти давлатҳои нахустини худ дар гӯшаҳои гуногуни сарзамини зисти худ, аз ҷумла дар қаламрави давлати Бохтар бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мекардаанд ва ин айёмро барои ободиву сарсабзии диёри хеш истифода мебурдаанд.
Бохтар дар замонҳои қадим давлати пуриқтидоре буда, Хатлонзамин як пораи муҳимми ин давлати паҳновари гузаштагони мо ба шумор мерафт ва ин сарзамини бостонӣ зодгоҳи Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, Хоҷа Нурбахши Хатлонӣ, Муҳаммадҳусайни Хатлонӣ ва садҳо нафар шахсиятҳои маҳбубу маъруфи миллат мебошад, ки имрӯз мо бо ном ва мероси пурқимати онҳо ифтихор мекунем.
Наврӯз, ки бо умри басо тӯлонии қариб шашҳазорсолаи худ дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури муҳимтарини тамаддуни аҷдодамон дар масири таърих одамонро ҳамеша ба созандагиву офарандагӣ, эҷодкорӣ ва иқдомоти нав раҳнамоӣ кардааст.
Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъат бахшидани амалҳои созандаву ободкорона, сабзонидану парвариши ниҳолҳо, бунёди боғҳо, тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона, маҳалли зист ва муҳити атроф иборат мебошад.
Бовар дорам, ки мардуми ҳимматбаланди вилоят, соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатманд ин суннатҳои наврӯзиро, бахусус, дар самти ободонии шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва маҳалли зист, таъмиру бунёди роҳҳо, шабакаҳои обрасонӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ, инчунин, барои ҳамватанонамон таъсис додани ҷойҳои нави корӣ вусъат бахшида, ҷашни муқаддаси миллиамон сисолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Махсусан, деҳқонони асили ин сарзамин дар баробари чорабиниҳои ҷашнӣ аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ самаранок истифода бурда, аллакай киштукори баҳорӣ ва коштани донаи умедро, ки файзу баракати хони наврӯзии мардумамон мебошад, оғоз кардаанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамчун яке аз марказҳои асосии тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ ва рушди фарҳангу адаби кишвар дар тӯли фаъолияти беш аз чилсолаи худ дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар тарбияи омӯзгорон ва мутахассисони бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат нақши сазовор гузоштааст.
Донишгоҳи мазкур яке аз калонтарин таълимгоҳҳои олии касбӣ дар вилояти Хатлон мебошад.
Донишгоҳ дорои пойгоҳи мустаҳкаму муосири моддиву таълимӣ, иқтидори пурқуввати илмиву омӯзгорӣ ва таҳқиқотиву инноватсионӣ буда, дар он парки технологӣ, марказу озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавии таълим фаъолият доранд.
Ҳоло дар донишгоҳ 562 нафар устодону омӯзгорон фаъолият мекунанд, ки 167 нафарашон занон мебошанд.
Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ қариб 17 ҳазор нафар буда, 600 нафари онҳо тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд.
Танҳо дар панҷ соли охир донишгоҳро 19 ҳазор нафар хатм кардаанд.
Имрӯз ҳазорон нафар дастпарварони ин даргоҳи илму маърифат дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ ва соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат ва хориҷ аз он муваффақона фаъолият доранд.
Садҳо нафар ходимони давлативу ҷамъиятӣ ва шоирону нависандагони номдор дастпарварони ҳамин донишгоҳ мебошанд.
Донишгоҳ соли 2018 дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бо 7 ҷойи ифтихорӣ ва дар озмуни имсолаи “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар арафаи Наврӯз баргузор гардид, бо гирифтани ҳашт ҷойи ифтихорӣ сазовори ҷойи дуюм гардидааст.
Бо вуҷуди ин, масъулони донишгоҳ вазифадоранд, ки имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода карда, ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ, бо устодони унвондор таъмин намудани донишгоҳ ва беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти озмоишгоҳҳо, марказҳои инноватсиониву илмӣ ва таҳкими робита бо истеҳсолот тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамчунин, Вазорати маориф ва илм, роҳбарияти донишгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Бохтарро зарур аст, ки барои боз ҳам таҳким бахшидани пояҳои моддиву техникии донишгоҳ мунтазам чораҷӯӣ кунанд.
Бо мақсади такмили инфрасохтори мавҷуда ва баланд бардоштани сифати таълим дар се соли охир барои факултетҳои таъриху ҳуқуқ, педагогикаву варзиш, сиёсат ва идораи давлатӣ се бинои нави таълимӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
Моҳи июли соли 2017 санги асоси бинои нави донишгоҳ, ки бо маблағи бештар аз 90 миллион сомонӣ барои зиёда аз 6000 ҷойи нишаст бунёд мегардад, гузошта шуда, имрӯзҳо сохтмони он идома дорад.
Бинои нави таълимие, ки мо имрӯз ифтитоҳ кардем, иборат аз 24 синфхонаи таълимӣ, 8 кабинети маъмурӣ ва 8 кабинети ёрирасон барои факултаҳои сиёсат ва идораи давлатӣ буда, барои 700 ҷойи нишаст бунёд ва бо таҷҳизоти муосири замонавӣ ҷиҳозонида шудааст.
Дар баробари ин, маҷмааи варзишии дорои тамоми шароити ҳозиразамон бо 4000 ҷойи нишаст, ки ҳоло мо дар он қарор дорем, идомаи ҳамин корҳои созанда мебошад.
Таҷрибаи таърихӣ собит сохтааст, ки инсони соҳибхирад ва донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерӯи тавонои зеҳнӣ ба шумор меравад.
Ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани давлат ва таъмин намудани оромиву осоиши ҷомеаи кишвар насли наврас бояд босаводу донишманд ва соҳибмаърифат бошад, дастовардҳои навини илму техника ва технологияҳои инноватсиониро аз худ намояд, бо ду ва зиёда забонҳои хориҷӣ муоширати озод дошта, баробар бо замони пешрафт қадам гузошта тавонад.
Дар баробари таълим ва рушди илму инноватсия тарбия низ ҳамчун ҷузъи таҳсилот муҳим ва ниҳоят арзишманд мебошад.
Аз ин лиҳоз, таваҷҷуҳ ба тарбияи насли наврас, дар зеҳни наврасону ҷавонон ҷой кардани хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба камол расонидани насли ояндаи мамлакат яке аз вазифаҳои муҳимми муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва падару модарон ба шумор меравад.
Дар хотир бояд дошт, ки мо танҳо дар сурати рушди баробари таълиму тарбия дар низоми таҳсилоти кишвар ба комёбӣ ноил гардида, барои ба воя расонидани шахсиятҳои солиму соҳибмаърифат ва насли фаъоли ҷомеаи ояндаи худ замина фароҳам меорем.
Бо истифода аз фурсат як нуктаи муҳимро таъкид менамоям, ки файзу баракати зиндагӣ ва шукӯҳу шаҳомати ҳама гуна ҷашну чорабинӣ аз сатҳи пешрафти иқтисодиёт вобаста мебошад.
Бинобар ин, дар баробари таҷлили ҷашн бояд ба масъалаи сари вақт анҷом додани киштукори баҳорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, афзун намудани имкониятҳои содиротии кишвар, саноатикунонии мамлакат ва бо ҳамин роҳ ҳарчи бештар тақвият бахшидани иқтидори иқтисодии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳем.
Умуман, зарур аст, ки иҷрои нақшаи чорабиниҳои вобаста ба бунёди иншооти иҷтимоӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва ободонии деҳот қабулшуда вусъат бахшида шавад, то ин ки дар се соли оянда мо тавонем кишвари худро боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии мардумамонро хеле беҳтар намоем.
Итминон дорам, ки дар амалӣ намудани ин вазифаи пурифтихор ва рисолати пуршараф сокинони сарбаланди вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар намунаи заҳмати аҳлонаву содиқона хоҳанд буд.
Ман ба азму ирода, ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ғайрату матонат ва садоқати хурду бузурги Хатлонзамин нисбат ба Ватани соҳибистиқлоли худ эътимоди комил дорам.
Ва дилпурона изҳор медорам, ки онҳо минбаъд низ ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон саъю талоши бештар хоҳанд кард.
Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Соли нави аҷдодӣ-Наврӯзи фархундапай самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломативу барори кор орзу менамоям.
Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд ва чун баҳори нозанин сарсабзу хуррам бошед!