Сухани табрикотии Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён
Ҳамкасб ва ҳамкорони гиромӣ!
Иҷозат фармоед ҳамаи Шуморо бо камоли эҳтиром аз номи роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва шахсан аз номи худам ба иди касбӣ – Рӯзи иқтисодчиён самимона табрику таҳният намуда, дар ҳаёти шахсиатон бахту саодат ва дар фаъолияти кориатон пешравию комёбиҳо таманно намоям.
Қобили тазаккур аст, ки 2 августи соли 2011 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту иловаҳо ворид карда шуд ва мутобиқи он минбаъд ҳамасола 8 апрел ҳамчун Рӯзи иқтисодчиёни кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Бо назардошти муҳимияти соҳаи иқтисод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намудаанд: «Дар шароити ҳассоси замони муосир ҳадафи асосии давлат, пеш аз ҳама, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути амалӣ кардани ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти он, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ мебошад».
Имрӯз фаъолияти дилхоҳ соҳаро бе иштироки шумо – иқтисодчиён тасаввур кардан имконнопазир аст. Зеро саҳми барҷастаи иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди мамлакат ва ташаккули ҷомеаи пешрафту мутараққӣ назаррас мебошад. Рушди иқтисод – яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст.
Ҳамкорони азиз,
Имрӯз мо ҷашни касбиамонро қайд менамоем. Боварии комил дорам, ки ин ҷашни мутахассисони ҳақиқие мебошад, ки мехоҳанд ва метавонанд кори худро босифат, ба манфиати ҷомеа ва Ватан, ҷиҳати рушди босуръати иқтисодию иҷтимоии кишвар анҷом диҳанд.
Бори дигар шуморо ба иди касбӣ шодбош намуда, ба ҳар кадоматон тандурустӣ, бахту иқбол ва комёбиҳои беназирро баҳри рушду нумӯи Тоҷикистони азиз таманно дорам.
Идатон муборак бошад ҳамкасб ва ҳамкорони арҷманд!