Конфронси ҳафтуми ҳамкориҳои байниминтақавии Точикистону Россия 16-17 апрели соли 2019, шаҳри Москва
Рӯзи 16 апрели соли ҷорӣ «Конфронси ҳафтуми ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия» бо иштироки ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистону Россия дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба кори худ шуруъ намуд.
Ташкилкунандагони конференсия Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Россия бо дастгирии Фонди «Россконгресс» мебошанд.
Дар ҳошияи Конфронси ҳафтуми ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои муҳими самтҳои калидии ҳамкории Тоҷикистону Россия аз ҷумла «Ҳамкорӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқ, логистика, саноат, сармоягузорӣ ва савдо» ва «Ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва фарҳанг» баргузор гардиданд, ки ҷонибҳои иштироккунанда вобаста ба мавзӯъҳои мазкур баромад ва мубодилаи афкор намуданд.
Кори Конфронси ҳафтуми ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия санаи 17 апрели соли ҷорӣ низ идома хоҳад ёфт.