Конфронси ҳафтуми ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия 16-17 апрели соли 2019, шаҳри Москва
Рӯзи 17 апрели соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Максим Орешкин ҷаласаи умумии «Конфронси ҳафтуми ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия» бо иштироки ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистону Россия дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба кори худ шурӯъ намуд.
Ташкилкунандагони конференсия Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Россия бо дастгирии Фонди «Россконгресс» мебошанд.
Дар рафти ҷаласаи умумии Конфронси ҳафтуми ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия баромадҳо ва маърузаҳои намояндагони воломақоми ҳар ду ҷониб дар мавзӯъҳои муҳими самтҳои калидии ҳамкории Тоҷикистону Россия пешкаши ҳозирин гардиданд.
Дар интиҳои Конфронси ҳафтуми ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия аз тарафи намояндагони баландпояи ҷонибҳо созишномаву ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонида шуданд.