Навиди Вазорат



Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия

.

17 апрел мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия дар Қасри Кремл баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсия Россия Владимир Путин истиқбол гирифтанд.

Масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Россия нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат ва сипас бо иштироки ҳайтаҳои васеи ҳар ду ҷониб баррасӣ гардид.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш хайрамақдам гуфта, изҳори итминон намуд, ки натиҷаҳои ин сафар низ барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба Президент ва Ҳукумати Федератсияи Россия барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ, инчунин истиқболи самимӣ изҳори сипос карданд.

Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҳавасмандии устувори худро ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия таъкид намуданд.

Зимни мулоқот маҷмуъи масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии кишварҳо, мавзуи васеъи робитаҳои байналмилалию минтақавии мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, муҳокима карда шуд.

Ҳар ду ҷониб аз рушди бемайлони ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, гуманитарӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва дигар самтҳои муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки муколамаи сиёсии сатҳи олӣ, таҷрибаи бойи ҳамкорӣ, боварию эътимоди байниҳамдигарӣ, фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ имкон дод, то робитаҳои ду кишвар рушду густариши бештар пайдо намоянд.

Федератсияи Россия шарики тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон боқӣ монда, ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар дар соли гузашта беш аз 1 миллиард долларро ташкил дод. Ҷалби сармояи Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ аз ҳадди ин нишондод боло рафтааст.

Соҳаи кишоварзӣ самти ояндадори ҳамкории ду кишвар номида шуда, дар рафти мулоқот масъалаи афзоиши воридоти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Россия махсус таъкид гардид. Дар ин росто истифодаи технологияи Россия оид ба коркарди маҳсулоти хурока, таъсиси маркази тақсимотӣ яклухт дар Тоҷикистон ва ҳамоҳангсозии сертификатсияи дарозмуддати маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозори Россия, ба мақсад мувофиқ шуморида шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаи рушду густариши муносибатҳои байниминтақавӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, сӯзишворӣ-энергетикӣ, маблағгузорӣ ба соҳаҳои саноати хурокворӣ, нассоҷӣ, саноати вазнин ва куҳӣ, идомаи тадқиқот дар минтақаҳои ояндадори нафту гази Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, интиқоли молу маҳсулоти кишоварзӣ ба Россия, нақлиёт, логистика ва туризм, таваҷҷуҳ зоҳир карданд. То имрӯз Тоҷикистон бо 80 минтақаи Федератсияи Россия муносибатҳои судманд ба роҳ мондааст.

Дар ҷараёни мулоқот таъкид шуд, ки баргузории форумҳои тиҷоратӣ бо иштироки доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар ва Конференсия оид ба ҳамкории байниминтақавӣ метавонад ҳамчун як омили таҳкимбахшандаи густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бар нафъи кишварҳо хизмат намояд.

Зимни вохурӣ рафти татбиқи тадбирҳо оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла эълони авф ба як қисми шаҳрвандони Тоҷикистон, беҳсозии шароити будубоши муҳоҷирон баррасӣ гардида, пешниҳод шуд, ки идомаи чунин чораҳои судманд, аз ҷумла тамдиди муҳлати бақайдгирӣ ва иҷозатнома барои фаъолияти муҳоҷирон, ба манфиати кор хоҳад буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки нисбат ба як қисми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун будубоши онҳо дар ҳудуди Федератсияи Россия манъ гардидааст, авф эълон карда шавад.

Ин пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин қабул карданд ва дар навбати худ ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Россия супориш доданд, ки оид ба ҳалли ин масъала чораандешӣ намоянд.

Ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ба таъмини амнияти минтақавӣ, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъавор ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, вазъи мураккаб дар сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро аз самтҳои афзалиятноку муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Россия маънидод намуданд.

Зимни мулоқот ҳар ду ҷониб раванди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, омӯзиши забони русӣ, таъмини омӯзгорони забони русӣ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, таҳсили ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои олии Россия, татбиқи лоиҳаҳои бунёди мактабҳои омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Россия буд, ки сарони давлатҳо вобаста ба ҳамёрии кишварҳо ва дастгирии ташаббусҳои якдигар изҳори қаноат карданд.

Дар анҷоми музокироти сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Владимир Путин даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд.

http://www.president.tj/node/19884#dusti