Навиди Вазорат



Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018

.

Рӯзи 26 апрел Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020», Нақшаи кори Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва ба муносибати «Рӯзи ихтироъкорону навоварон» ва «Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ»-26 апрел Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018» -ро баргузор намуд.

Мақсади асосии баргузор намудани Озмун ин дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни аҳолӣ, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварони ҷумҳурӣ мебошад.

Озмуни мазкур маротибаи 12-ум аст, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардида, дар он 67 нафар ихтироъкорон барои иштирок ҳуҷҷат пешниҳод намуданд. Пас аз омӯзишу баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда тибқи қарори Комиссияи озмун 12 нафар ихтироъкорон ғолиби Озмун дониста шуданд ва сазовори ҷоизаҳо гардиданд.

Дар доираи чорабинии номбурда, инчунин намоишгоҳи дастовардҳои навоварону ихтироъкороне, ки дар Озмун ширкат варзиданд, манзури меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ пешкаш карда шуд.

Хотиррасон мегардад, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» дар ду сол як маротиба гузаронида мешавад.