Навиди Вазорат

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

  

Ба маълумоти вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд, сармоягузорону соҳибкорон ва шаҳрвандон расонида мешавад, ки бо шарофати дастгириву ғамхориҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорат ба бинои наву замонавӣ дар суроғаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ 78 гузаштааст. Бинобар ин барои тамос ва ташриф овардан ба суроғаи мазкур муроҷиат намоед.

Иштирок ва суханронии Вазири рушди иқтисод ва савдо дар Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan»

.

  

25 ноябри соли 2024 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan», ки бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.