Маҷаллаи «South China Morning Post» дар робита бо маълумоти Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Хитой иттилоъ медиҳад, ки сармоягузории мустақими хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар соли 2018-ум 9,6 фоиз коҳиш ёфта, 143,0 млрд. долларро ташкил дод.

 

Қайд бояд кард, ки коҳишёбии сармоягузории мустақими хориҷии Ҷумҳурии Хақлии Хитой соли дуюм ба назар расида, соли 2017-ум 19,3 фоиз коҳиш ёфта буд.

Тибқи маълумоти «Вести.Экономика» сармоягузориҳои хитоӣ ба ИМА аз 29 млрд. доллари соли 2017-ум 83 фоиз коҳиш ёфта, дар соли 2018 ба 5 млрд. доллар расидааст.

www.vestifinance.ru