Бонки Ҷаҳонӣ дурнамои рушди иқтисодиёти ҷаҳонро паст баҳодиҳӣ намуд

«Вести.Экономика» иттилоъ медиҳад, ки тибқи дурнамои Бонки Ҷаҳонӣ бо назардошти сустшавии рушди савдо ва кам гардидани ҳаҷми сармоягузориҳо дар ҷаҳон рушди иқтисодиёти ҷаҳон дар соли 2019 коҳиш меёбад.

 

Тибқи баҳодиҳӣ рушди иқтисоди ҷаҳон аз 3,0 фоизи соли 2018 то 2,6 фоиз коҳиш меёбад, ки пасттарин нишондиҳанда аз соли 2016 ба ҳисоб меравад.

Рушди савдо бошад, аз 3,6 фоиз то 2,6 фоиз коҳиш меёбад. Соли оянда болоравии суръати рушд то 2,7 фоиз пешгӯӣ карда мешавад.

Рушди иқтисодиёти ИМА бо назардошти заиф шудани таъсири ҳавасмандгардонии молиявӣ, дар соли 2019 то 2,5 фоиз, дар соли 2020 то 1,7 фоиз ва дар соли 2021 то 1,6 фоиз паст баҳодиҳӣ карда мешавад.

Аз рӯи пешгӯӣ иқтисодиёти Хитой дар соли 2019-ум 6,2 фоиз рушд ёфта, дар соли 2020 то 6,1 фоиз суст мегардад. Дар ин баҳодиҳиҳо таъсири боҷҳои нави амрикоӣ ба инобат гирифта нашудааст.

Бонки Ҷаҳонӣ рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии минтақаи евроро дар соли 2019-ум 1,2 фоиз ва дар соли 2020 то 1,4 фоиз баҳодиҳӣ намуд, ки нисбат ба дурнамои январӣ мутаносибан 0,4 банди фоизӣ ва 0,1 банди фоизӣ паст мебошад.