ГАҶКОРӢ
ГАҶКОРӢ, навъи маъмули санъати ороишиву амалӣ мебошад, ки ба ҳунари кандакорӣ вобаста аст.
Гаҷ як намуди санги сафеди мулоим аст.
Гаҷ санги маъдании махсус аст, ки онро дар қӯраҳо пухта, дар бинокорӣ ба кор мебаранд. Хокаи гач низ истифода бурда мешавад, ки он хеле махин аст. Онро гулкач меноманд. Хунари гачкори дар киес бо кандакории руи чуб сода ва сабуктар аст. Вале истифодаи он риояи коидахои хосаро талаб мекунад. Номхои накшхо: рута, мадохил, якрафтор, серафтор, ислимии барги, нақши мунаббат, даврагул, турунҷ, китоба, таблу, гули гирех, намоён ва г. Асбобхои кори: қалам, пилтақалам, минқор, шутургардан, патакбиннӣ, пухқалам, наво, қалами шукуфта, морпеч, инчунин, исканаи нова, исканаи кунҷак, исканаи рост, корди пардозӣ/гулқалам, дарафш, элак, сатил, андовачӯб, чӯби рост, ахта. и др.
Чараени гачкори хашт амалро дар бар мегирад.
Гач, ки ранги сафед дорад, дохили биноро равшан мегардонад. Рамзхои гачкори дар тули хазорсолахо ташаккул ефтаанд. Имруз онхо ифтихори зебоипарастии мардум ба хисоб меравад.
Дар давраи асримиенаги гачкориро дар ороишоти мадраса, масчитхо, макбарахо ва хатто хонахои истикомати истифода мебурданд.
Технологияи суннатии гачкори аз чунин амалхо иборат аст: заминкор, лӯлапардоз бо истифодаи накшхои ислими вап гирех, пахпардоз, чокапардоз (дутабака), табақпардоз ( ба растаниет). Технологияи бехтарин гулгач махсуб мешавад.
Санъати гачкори бештар дар ороиши бинохои маъмури ва фарханги истифода бурда мешавад. Дар байни онхо бинои Театри давлатиии академии опера ва балет ба номи С.Айни, собик бинои Китобхонаи миллии ба номи Фирдавси, чойхонахои “Рохат” ва “Саодат”, мехмонхонаи “Точикистон” (Душанбе), Музеи чумхуриявии ба номи Рудаки (Панчакент), Музейи “2700-солагии Кулоб” (ш. Кулоб) ва диг.
Устохои машхури гачкории точик: Асадов М., Гафуров А., Усто Амриддин, Кодиров Мирзорахим, Кодиров Абдукодир, бародарон Абдусаттору Абдукаххор, бародарон Фозилу Хусейн, Максуд, Шароф, устохои имрузаи гачкор Махмудов Саидчон, Хайдаров Толибчон, Чумъаев Хасанбой, Ахмедов Рахимберди, Одинаев Мансурбой, Хамдамов Рахимчон.