News of the Ministry



Дар шаҳри Бохтари Вилояти Хатлон Конфронси ҳаштум оид ба ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия баргузор гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Дар охирон рӯзи фасли тирамоҳ, 30 ноябри соли 2021 бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва муаррифии имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус минтақаҳои кишвар бо иштироки Раиси Вилояти Хатлон, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия, инчунин дигар меҳмонони олиқадр аз Федератсияи Россия дар шаҳри Бохтари Вилояти Хатлон Конфронси ҳаштум оид ба ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия баргузор гардид.

Дар доираи конфронси мазкур 3 мизи мудаввар оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, хусусан зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Россия, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, сохтмони марказҳои логистикӣ, иқтисоди рақамӣ, маориф ва ҷавонон, инчунин тавсеаи робитаҳои байни шаҳрҳои ду кишвар баргузор гардид.

Аз натиҷаи конфронси ҳаштум ҷонибҳо пешниҳодҳои мушаххас оид ба тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф манзур намуданд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное