News of the Ministry



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози рушди шарикони рушд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

1 марти соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завкӣ Амин бо аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозони рушди шарикони рушд баргузор гардид.

 

Дар вохӯрӣ аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозони рушди шарикони рушд Ҳамоҳангсози доимии Созмони Миллали Муттаҳид – Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозони рушди шарикони рушд хонум Сезин Синоноғлу, Менеҷери кишварии Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Озан Севимлӣ, Директори кишварии Бонки Осиёии Рушд – Муовини раиси Шӯрои ҳамоҳангсозони рушди шарикони рушд хонум Шани Кампбел, Директори Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд хонум Рика Иши ва Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони миллали муттаҳид ҷаноби Лени Монтиел иштирок намуданд.

Завқизода З. А. ба аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозони рушди шарикони рушд барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дастгирӣ дар рушди устувори иқтисодии кишвар миннатдорӣ баён намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо назардошти вазъи ҷаҳони имрӯза ва пешгирии таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, инчунин доир ба баргузор намудани ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистон муҳокима карданд.

Дар охир ҷонибҳо омодагии худро барои мусоидат намудан дар амалӣ гардонидани ҳадафу афзалиятҳои рушди кишвар ва баргузории чорабиниҳои қайдгардида баён намуданд. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное