News of the Ministry



Вазири рушди иқтисод ва савдо дар қисмати ҷамъбастии сессияи пленарии Форуми Ҳадафҳои Рушди Устувор дар шаҳри Женеваи Швейтсария иштирок ва суханронӣ намуд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

Рӯзи 14 марти соли 2024 Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дар қисмати ҷамъбастии Форуми сатҳи баланд вобаста ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки бо ҳамоҳангсозии Комиссияи Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои минтақаи Аврупо (UNECE) дар шаҳри Женеваи Швейтсария бо иштироки 56 кишвари аъзои он ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

 

Завқизода З.А. дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иҷрои Ҳадафҳои рушди устувор муаррифӣ намуда, қайд кард, ки Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва рӯзи 21 март  “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” якдилона қабул намуд.   

Дар робита ба ин таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” барои солҳои 2023-2037-ро бомаром татбиқ дорад, ки айни замон 98 фоизи неруи барқи кишварро “энергияи сабз” ташкил мекунад. 

Роҳбари ҳайати расмии кишвар қайд намуд, ки тибқи маълумоти Конфронси Савдо ва Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNCTAD) норасогии маблағҳо барои татбиқи пурраи ҲРУ ҳамасола  ҳудуди 4 триллион доллар дар як солро ташкил медиҳад ва аз шарикони рушд ва кишварҳои донор ҷиҳати ҷудо намудани маблағҳои бештар ба мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ва камдаромад даъват ба амал овард.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное