Новости Министерства



Ҷамъомади тантанавӣ перомуни ба синни нафақа расидани корманди кордону ботаҷрибаи вазорат - Кенҷаев Зуҳриддин Кенҷаевич

.

Имруз, 15 октябри соли 2020 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки Вазир, мухтарам Завқизода Завқӣ Амин, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеи вазорат ҷамъомади тантанавӣ перомуни ба синни нафақа расидани яке аз кормандони соҳибтаҷрибаи вазорат - Зуҳриддин Кенҷаев баргузор карда шуд.

Ҷамъомадро муҳтарам Вазир ҳусни оғоз бахшида, соҳибҷашнро бо солрӯзашон аз номи худ ва аз номи якояки кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳният намуданд. Ёдовар шуданд, ки фаъолияти зиёда аз 40 солаи Зуҳриддин Кенҷаев дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари азизамон, аз ҷумла фаъолияти пурмаҳсули эшон дар соҳаи савдо қобили қадрдонӣ ва сутуданист.

Дар анҷоми чорабинӣ муҳтарам Завқизода З.А. ба Зуҳриддин Кенҷаев тансиҳативу хотири ҷамъ, рӯзгори осуда ва умри пурбаракат таманно намуда, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравиро тақдим карданд.

Кормандони Вазорат низ дар пайравӣ аз муҳтарам Вазир зодрӯзи соҳибҷашнро бо табрикоту суханони неки худ ҳуҷаста ва ҳумоюн гуфтанд.