Новости Министерства



Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба содагардонии расмиёти савдо иштирок намуд

.

Рӯзҳои 11-13 майи соли 2022 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон нахустин ҷаласаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи «Ready4Trade»-и Маркази байналмилалии савдо, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда истодааст, баргузор гардида, дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, инчунин намояндагон аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти гумрук, Палатаи савдо ва саноат ва бахши хусусӣ низ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа асосан дастовардҳои кишварҳо дар доираи лоиҳаи қайдгардида пешниҳод гардида, инчунин рафти татбиқи ҳадафу вазифаҳои дар лоиҳа пешбинишуда байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла таъмини мусоидати бештар ҷиҳати боз ҳам сода намудани расмиёти содиротию воридотӣ нисбати молу маҳсулоти якдигар баррасӣ карда шуданд.

Абдураҳмонзода А. С. қайд кард, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар самти содагардонии расмиёти савдо як қатор корҳои назаррас амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шуда, Портали савдои Тоҷикистон ва низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман мавриди истифода қарор доранд, инчунин як қатор ҳуҷҷатҳои стратегии марбут ба савдо қабул гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани ҳадафҳои лоиҳа ва тақвияти ҳамгироии тиҷоратии минтақавӣ мусоидат менамояд.

Ҷониби Тоҷикистон қайд намуд, ки гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2021 байни Тоҷикистону Қазоқистон ба 1 миллиарду 180 миллион доллар, Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 447,8 миллион доллар ва Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ба 436,5 миллион доллар расид.

Ҳамзамон дар рафти ҷаласа масъалаҳо вобаста ба зиёд намудани содироти меваю сабзавоти тару тоза ва хушк аз Тоҷикистон ба бозорҳои Қазоқистон, Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳои минтақа, инчунин сода намудани расмиёти содиротии молҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Инчунин дар ҳошияи чорабинӣ мулоқоти муовинони вазирони рушди иқтисод ва савдои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар рафти он масъалаҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни тарафҳо, бахусус тақвияти рушди иқтидори содиротӣ ба бозорҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.