Новости Министерства



Иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дар Саммит оид ба тиҷорати ҷаҳонии хизматрасониҳои Чин

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

31 августи соли 2022 Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дар маросими кушодашавии Саммит оид ба тиҷорати ҷаҳонии хизматрасониҳои Чин, ки дар шакли видеоконфронс бо иштироки як қатор кишварҳои ҷаҳон, намояндагони дипломатии мамлакатҳои хориҷӣ ва ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардид, ширкат варзид.

Саммити мазкур барои дарёфти имкониятҳои ҳавасмандгардонӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, зиёд намудани гардиши савдои хориҷӣ, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар самтҳо равона шуда буд.

Бояд қайд кард, ки бо шарофат ва иродаи олии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкориҳои стратегии кишварҳои мо ба сатҳи баланд баромада, самтҳои афзалиятнокро дар бар мегиранд.

Инчунин Ҷумҳурии Мардумии Чин ба яке аз шарикони асосии тиҷоратӣ ва яке аз сармоягузорони бузургтарин барои бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Қобили қайд аст, ки да 6 моҳи соли 2022 гардиши савдои хориҷӣ бо Чин ба 669,8 млн. доллар баробар гардида, мавқеи Чин ҷойи 2 ва ҳиссаи он дар гардиши савдои хориҷӣ 19,1 фоизро ташкил намуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 301,5 млн. доллар ё 81,9 фоиз афзоиш ёфтааст.

Содироти мол ба Чин 222,4 млн. долларро ташкил намуда, дар 6 моҳи соли 2021 175,1 млн. доллар ё 4,7 маротиба зиёд мебошад. Воридоти мол бошад ба 447,4 млн. доллар баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 126,5 млн. доллар ё 39,4 фоиз афзоиш ёфтааст, ки он дар сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷои 4-ум қарор дорад.

Дар рафти саммити мазкур як қатор намояндагони кишварҳо аз ҷумла Чин, Бразилия, Ӯзбекистон, Сингапур, Директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва ширкатҳои бонуфузи ҷаҳони иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар анҷоми Саммит намояндагони кишварҳои ширкаткунанда аз дастовардҳои хуби минтақа дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод қайд намуда, омодагии худро барои боз ҳам афзун намудани онҳо изҳор доштанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное