Новости Министерства



Баргузории ҷаласаи Ситоди ҷумуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №133 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» ба тасвиб расида, супоришу тадбирҳо вобаста ба масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 дар Нақшаи чорабиниҳо иборат аз 4 банд ва 43 зербанд пешбинӣ гардида, муҳлати иҷрои онҳо ва мақомоти масъули иҷро мушаххас муайян шудаанд.

Аз таҳлилу мониторингҳо бармеояд, ки ба ҳолати 10 майи соли 2023 бандҳои Нақшаи чорабиниҳои қарори мазкур дар маҷмуъ иҷро шуданд.         Дар давраи ҳисоботӣ дар асоси маълумоти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, вазорат оид ба рафти иҷрои қарори мазкур 12 гузориши таҳлилии ҳармоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст.

Бо мақсади назорати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои қарори мазкур 5 маротиба ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ таҳти роҳбарии раиси Ситод – Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикиистон муҳтарам Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ гузаронида шуда, дар онҳо ба роҳбарияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас оид ба масъалаҳои банақшагирӣ ва захираи маводи зарурии хӯрокворӣ, истифодаи самараноки неруи барқу гармӣ ва истеҳсолу таъминоти мунтазами он, захира ва истифодабарии ангишт, сӯзишворӣ, маводи зиддилағжиш, хӯроки чорво ва ғайра дода шудаанд.

Ҳамзамон бояд қайд кард, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2022, ки бевосита таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ баргузор гардид, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барои дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, таъмини пурраи аҳолӣ ва иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ бо неруи барқу гармӣ, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҳолатҳои сӯхтор, вусъати кишти зироатҳо, захираи маҳсулоти хӯрока ва маводи сӯзишворӣ ва нигоҳдории иншооти роҳу нақлиёт чораҳои амалӣ андешанд.

Айни замон қарори навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» ба тасвиб расида, Нақшаи чорабиниҳои он мавриди амал қарор дорад.

Аз маълумоти ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳодгардида ва таҳлили ҷараёни иҷрои қарори мазкур бармеояд, ки ҷиҳати иҷрои зербандҳои 1.1 ва 1.2 Нақшаи чорабиниҳо дар муҳлати то 10 майи соли 2023 дар вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ситодҳои фаврӣ таъсис ёфта, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шудааст.

Ҳоло марҳилаи нақшабандӣ ва иҷрои захираи маводи хӯрокворӣ, ангишт, воридоти мазути камсулфур, гази табиӣ ва моеъ ва дигар маводи асосии сӯхт, омодагӣ барои таъмини барқу гармӣ ба корхонаҳову муассисаҳо ва аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 оғоз гардидааст.

Дар интиҳои ҷаласа аз ҷониби Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Ситод муҳтарам Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ ба масъулини вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное