Войти  \/ 

Авторизация

Новости Министерства



Таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ширкат варзиданд.

 >Дар оғоз Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода кормандонро аз номи роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба ҷашни миллию таърихии кишвар - 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику шодбош намуд.

Зимни ироаи табрикот Вазир афзуд, ки маҳз бо устуворӣ ва иродаи матини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо шуда, саҳифаи наверо дар таърихи давлатдории навини кишвар оғоз бахшид.

Маҳз бо шарофати баимзорасии Созишномаи сулҳ, ки дар натиҷаи он дар кишварамон сулҳу субот пойдор гардид, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, сатҳи некӯаҳволӣ ва зиндагии шоистаи аҳолии кишвар таъмин гардид.

Ҳамзамон, Неъматулло Ҳикматуллозода қайд намуд, ки имсол ҷашни Ваҳдати миллӣ ба яке аз идҳои дигари таърихии кишварамон- иди саиди Фитр тавъам омадааст ва бо истифода аз фурсати муносиб кулли кормандонро ба фарорасии иди саиди Фитр шодбош намуда, ба ҳар кадомашон тандурустӣ, бахту иқбол ва комёбиҳои беназирро баҳри рушду нумӯи Тоҷикистони азиз таманно намуд, илова бар ин таъкид намуданд, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» риоя карда шавад.

Дар ҷамъомад ҳамчунин сардори Раёсати дурнамои макроиқтисодӣ ва муносибатҳои молиявӣ Ф. Восидиён, сардори Раёсати кадрҳо ва бахши махсус З.Муминов ва дигарон баромад карда, ҳозиринро ба идҳои дар пешорӯ қарордошта таҳният намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное