Роҳбарияти вазорат ба ятимони кулл ва бепарастони ноҳияи Панҷ кӯмакҳои моддӣ бо туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд
Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимони кулл ва бепарастони ноҳияи Панҷ кӯмакҳои моддӣ ва туҳфаҳои солинавӣ дастрас намуд. Аз ҷумла либоси гарм ва маҳсулоти хурокворӣ ба монанди 38 халта орд, 190 кг шакар, 190 кг биринҷ, 114 литр равған ва 18 дона курткаи зимистона ба онҳо супорида шуданд.