Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 муаррифӣ карда шуд
27 августи соли 2024 бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Hilton» чорабинӣ вобаста ба муаррифии «Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.