АБДУРАҲМОНЗОДА Абдураҳмон Сафаралӣ

*Соли таваллуд: 11.11.1988

*Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон

*Миллат: тоҷик

*Таҳсилот: олӣ

*соли 2010 Донишкадаи Ню-Йорки, Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро (рӯзона) хатм кардааст

*соли 2012 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (рӯзона) бо дипломи Магистр хатм кардааст

*Ихтисос иқтисодиёти ҷаҳон

*Унвони илмӣ магистр (айни ҳол дар раванди ҳимояи рисолаи номзадии илмӣ дар мавзӯи “Институтсионализатсияи равандҳои ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми Байналмилалии Савдо” қарор дорад)

*Забонҳои русӣ, туркӣ ва англисиро медонад

Соли 2016 бо Ифтихорномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои хизматҳои арзанда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, рушди соҳаҳои иќтисодиёт ва савдо дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст

*Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби 3 фарзанд

*Суроға шаҳри Душанбе

*аз 14 ноябри соли 2025 дар мансаби Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

*Кор ва фаъолияти собиқа:

2012-2013 Мутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

2013-2015 Мутахассиси пешбари Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

2015-2018 Сармутахассиси Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

2017 Тибқи розигии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2017, №1798 (29-8) дар доираи Барномаи таҷрибаомӯзии Донишкадаи такмили ихтисос ва ҳамкории техникии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева;

2016 -2018 Ҳамзамон ба ҳайси омӯзгори соатбай (0,25 воҳиди корӣ) аз фанни «Иқтисодиёти ҷаҳон» дар Кафедраи муносибатҳои байналмилалии Факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

2018-2020 Сардори Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе; аз 24 декабри соли 2016, №529 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Котиби масъули Кумитаи ҳамоњангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо;

2020-2023 Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2023-2025 Муовини Раиси шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

аз 14 ноябри соли 2025 то ҳол дар мансаби Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.