Новости экономики



Баҳодиҳии Комиссияи Аврупо оид ба коҳишёбии рушди иқтисодиёти минтақаи евро дар солҳои 2019-2020

.

Комиссияи Аврупо пешбинӣ менамояд, ки рушди иқтисодиёт дар минтақаи евро дар соли 2019 нисбат ба соли 2018-ум 0,7 банди фоизӣ коҳиш ёфта, 1,2 фоизро ташкил медиҳад. Дар соли 2020 нисбат ба дурнамои қаблӣ то 1,5 фоиз бо суръат афзоиш меёбад.

Тибқи баҳодиҳии Комиссияи Аврупо рушди иқтисодиёти 27 давлати аъзои Иттиҳоди Аврупо (бе назардошти Британияи Кабир) дар соли 2019 то 1,4 фоиз коҳиш ёфта, дар соли 2020-ум 1,7 фоизро ташкил медиҳад.

Дурнамои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар соли 2019 то 0,5 фоиз коҳиш ва дар соли 2020-ум 1,5 фоиз афзоиш ёфта, дар Ҷумҳурии Фаронса рушди иқтисодиёт дар солҳои 2019-2020-ум мутаносибан 1,3 ва 1,5 фоиз ва дар Ҷумҳурии Италия рушди иқтисодиёт дар соли 2019-ум 0,1 фоиз ва дар соли 2020 -ум 0,7 фоизро ташкил медиҳад.