Новости экономики



Вазири нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба хавфи парокандашавии ОПЕК изҳор намуд

.

Тибқи маълумоти Агентии «Shana» Вазири нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор намуд, ки Ташкилоти давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) бо назардошти мавқеи якҷонибаи баъзе давлатҳои аъзои худ зери таҳдиди парокандашавӣ қарор дорад.

 

Мавсуф қайд намуд, ки дар мавриди таҳдид кардани ягон давлатҳои аъзои ОПЕК нисбат ба Эрон, Эрон дар ҷавоб ба амали онҳо канораҷӯӣ намекунад.

Инчунин Ӯ қайд намуд, ки бо котиби генералии ОПЕК масъалаи бозори нафт, мушкилот ва осебпазирии бозорро муҳокима намуд.