Новости Министерства



Баррасии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини якуми Вазир Завқизода Завқӣ Амин бо Намояндагонии Бонки Ҷаҳонӣ (Гурӯҳи мустақил вобаста ба баҳодиҳӣ) таҳти роҳбарии ҷаноби Желко Богетич баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо аз ҳамкориҳои самарабахши миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, дар бораи як қатор масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла тамоюли мусбии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, ҷараёни дурнамосозӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, рушди содирот ва воридотивазкунӣ, фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ ва ҷараёни татбиқи як зумра барномаҳои давлатӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ омодагии худро баён доштанд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное