Новости Министерства



Мулоқот бо намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Шоми 19 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург дар доираи сафари корӣ дар Федератсияи Россия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб бо намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар Россия кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд, мулоқот анҷом доданд.

Бояд хотиррасон кард, ки зимни ҳар як сафар ба Федератсияи Россия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ, зодагони Тоҷикистон вохӯриҳои судманду созанда анҷом медиҳанд.

Чунин вохӯриҳо қаблан дар шаҳрҳои Москва, Қазон, Челябинск ва Екатеринбурги Федератсияи Россия бо ҳамватанони муқими кишвари паҳновари Россия доир шуда буд.

Бо гузашти айём имрӯз нуфузу эътибори тоҷикон дар Федератсияи Россия рӯ ба болоравӣ дорад. Дар зиёда аз 70 минтақаи Россия бомуваффақият фаъолият намудани ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон гувоҳи возеҳи торафт баланд шудани обрӯи онҳо мебошад.

Чунонки аз рафти сӯҳбат маълум гашт, аксари мушкилоте, ки дар мулоқотҳои пешин зикр мегардиданд, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ҳалли худро ёфтаанд.

Аз ҷумла, зимни сафари расмии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва 16 апрели соли 2019 дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ масъалаҳои фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикон, донишомӯзии донишҷуёни тоҷик ва вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия муҳокима карда шуд.

Зимни суханронӣ дар мулоқотӣ навбатӣ бо намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳои созандаи Ҳукумати мамлакат дар доираи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, дастовардҳои арзандаи мардум, аз ҷумла ба кор андохтани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, амалисозии лоиҳаҳои муҳим ва барномаҳои давлатӣ баҳри рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, татбиқи ҳадафҳои чор самти асосии стратегӣ - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар барои таълиму тарбияи насли наврас ва рушди зерсохтори хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, ҳамасола муассисаҳои таълимии нав сохта ва ба истифода дода мешавад.

Дар панҷ соли охир садҳо беморхона, дармонгоҳ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки соли оянда дар ҳаёти сиёсии кишвар як қатор чорабиниҳои муҳимми давлатӣ, аз ҷумла интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба нақша гирифта шудаанд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат ба Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дигар мақомоти дахлдор дастур доданд, ки барои таъмин намудани раванди овоздиҳии бемамониати шаҳрвандони бурунмарзиамон дар маъракаҳои интихоботии соли оянда чораҳои муассир андешанд.   

Оид ба вазъ ва сатҳи муносибатҳои шарикӣ бо Федератсияи Россия андешаронӣ карда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳамкорӣ бо Россия доир ба танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳайси яке аз мавзӯъҳои муҳими музокироту гуфтушунидҳои роҳбарияти олии ҷонибҳо боқӣ мемонад.

Зикр карда шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷанбаҳои мухталифи ин масъала, бахусус, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар таваҷҷуҳи доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир мекунад.

Аз ҷумла, дар ҳошияи музокироти сатҳи олии моҳи апрели соли 2019 Созишнома  дар хусуси ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатии мо ба Федератсияи Россия ба имзо расид. Мавриди иҷро қарор гирифтани ин санад барои беҳбуд бахшидан ба шароити будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Россия муҳим мебошад.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки дар баробари ин, дар ҳар як вохӯрии ҷонибҳо мавзӯъҳои вобаста ба соддагардонии гирифтани патенти корӣ, тартибу муҳлати бақайдгирӣ ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон ва аъзои оилаҳои онҳо ба миён гузошта мешаванд. 

Дигар мавзӯи марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор намудани маъракаи такрории “авфи муҳоҷиратӣ” мебошад, ки он низ зимни суҳбати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муҳтарам Владимир Путин матраҳ гардида буд.

Пешвои миллат ба сохторҳои дахлдори кишвар, аз ҷумла Сафорати Тоҷикистон дар Москва супориш доданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ин масъаларо ҷиддан пайгирӣ намоянд.  

Аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор доранд, даъват ба амал оварда шуд, ки аз қонунгузории ин кишвар ва қоидаҳои ба расмият даровардани будубоши худ дар қаламрави он воқиф гарданд.

Айни ҳол Тоҷикистон бо 83 субъекти Россия дар соҳаҳои мухталифи тиҷорату иқтисод, аз ҷумла дар арсаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ ҳамкории гуногунҷанбаро ба роҳ монда, рушд медиҳад.

Садҳо намояндагони кишвари мо дар муассисаҳои пешбари таҳсилоти олии ин шаҳр таълим гирифта, дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон саҳми шоёни худро гузоштаанд ва мегузоранд.

Шумораи умумии донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҳавзаи федералии шимолу ғарб то се ҳазор нафар, аз ҷумла дар донишгоҳҳои шаҳри Санкт - Петербург ба зиёда аз ҳазор нафар мерасад. 

Вобаста ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири таҳдиду хатарҳо ба амнияти кишвар ва эмин нигаҳ доштани муҳити ҳамватанони бурунмарзӣ аз таблиғоти созмону ҳаракатҳои ифротиву террористӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти ҷамъияту иттиҳодияҳои тоҷикистониён дар Россия, даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз воситаҳои мавҷуда корҳои маърифативу фаҳмондадиҳиро миёни шаҳрвандони мо васеъ ба роҳ монда, ҷиҳати пешгирӣ кардани шомилшавии онҳо ба гурӯҳу ҳаракатҳои ҷиноятпеша ҳадафмандона талош варзанд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ба корҳои маърифатпарварӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷалби бештари онҳо ба омӯзиши илму техника ва азхудкунии касбу ҳунарҳои муосир диққати махсус дода шавад.

Вобаста ба рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ, аз ҷумла забон ва фарҳанги миллӣ, анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва арҷгузорӣ ба хотираи шахсиятҳои барҷастаи миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон тайи солҳои охир номинатсияҳои “Шашмақом”, “Наврӯз” ва “Чакан - санъати гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.

Чанде пеш қарори ин сохтори Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси соли оянда ҷашн гирифтани 700-солагии Камоли Хуҷандӣ ва 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразм, ки соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид  шуда буд, қабул гардид.

Аз ин рӯ, аз ҷамъияту иттиҳодияҳои тоҷикони Россия даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯҳияи худшиносиву ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба анъана ва фарҳанги ниёгон дар тарбия кардани насли наврас нақши бориз дошта бошанд.

Дар ин масир, ҷамъияту иттиҳодияҳои тоҷикон дар Федератсияи Россия бояд дар баргузории мунтазами чорабиниҳои милливу фарҳангии кишварамон, аз қабили ҷашни Наврӯз, Сада, Меҳргон, инчунин, маҳфилҳои шеъру суруд фаъолтар бошанд.

Дигар самти ташвиқи фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва ҳифзи ҳувияти миллӣ роҳандозии нашри маҷаллаву рӯзномаҳо, таъсиси шабакаҳои телевизион, радио ва интернет дар қаламрави Россия мебошад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо кӯшишҳои якҷоя дар роҳи шукуфоии Ватани аҷдодиамон дар оянда низ ба дастовардҳои нав ба нав ноил хоҳад шуд.

http://www.president.tj/node/21945

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное