Ҷаласаи Ситоди доимоамалкунанда оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҶТ
Рӯзи 20 марти соли 2020 дар Вазорати рушди иктисод ва савдо ҷаласаи Ситоди доимоамалкунанда оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута таҳти раёсати муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Солеҳзода Ашурбой баргузор гардид.
Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро бо суханони табрикотӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии «Наврӯз» ифтитоҳ намуда, қайд намуд ки, минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо мақсади баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии мамлакат, харчи бештар бо ҷалби сармояи хориҷӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, рушди бемайлони иқтисодиёт дар асоси ҷалби техника ва технологияи нав ва ҳалли дигар вазифаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ташкил карда шудааст.
Дар рафти ҷаласа аз ҷониби роҳбарони маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар вобаста ба муамоҳои ҷойдошта дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ маълумоти муфассал ба аъзоёни Ситод пешниҳод карда шуд.
Дар интиҳои ҷаласа аз ҷониби муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва фаъолияти босамари минбаъда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.