Новости Министерства



Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ (зинаи дуюм) баргузор гардид

.

Рӯзи 16 апрели соли 2021 бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ дар бинои Вазорати рушди иқктисод ва савдо ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ (зинаи дуюм) таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаи баланд бардоштани ҳосилнокии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Доир ба масъалаи қайдшуда муовини якуми Вазири кишоварзӣ Каримзода С. Ғ. ва муовини якуми Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Ш. ба аъзои Гурӯҳи корӣ гузориши муфассал пешниҳод намуданд.

Дар муҳокимаи масъала аъзои гурӯҳи корӣ фаъолона муҳокимаронӣ намуда, вобаста ба ҳалли масъалаҳо ва мушкилиҳои ҷойдошта таклифу пешниҳодҳои зарурӣ манзур намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласа вобаста ба роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш ирсол карда мешавад.