Новости Министерства



Ҷаласаи навбати Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ дар соли 2021

.

Имруз, 28 апрели соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо зери роҳбарии муовини якуми Вазир Солеҳзода А.А. ҷаласаи навбати Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ дар соли 2021, ки бо Фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдо таъсис дода шудааст, бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо баргузор карда шуд.

Дар рафти ҷаласа муарифии 3 барномаи соҳавӣ, аз ҷумла «Барномаи ислоҳоти оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025», аз ҷониби муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳимзода Ҷамшед; «Барномаи мачмӯи рушди тарбияи чисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» аз ҷониби муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ; ва «Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» аз ҷониби муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Латифзода Хотамшо Латиф ба манзури аъзои гуруҳи корӣ пешниҳод гардид.

Дар интиҳои маҷлис мубодилаи афкор перомуни корҳои ичрошудаи барномаҳои мазкур сурат гирифта, ҳисоботи ҳар 3 барнома аз ҷониби аъзои Гурӯҳи корӣ қобили дастгирӣ пазируфта шуд.

Аз натиҷаи маҷлиси навбати Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ тибқи тартиб ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоришҳои дахлдор манзур карда мешавад.