Новости Министерства



Иштирок дар Форуми байналмилалии тиҷоратӣ ва намоишгоҳи Бохтарфуд -2021 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон

.

 

25 майи соли 2021 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид Форуми байналмилалии тиҷоратии Бохтарфуд-2021 баргузор гардид.

Дар ин форум Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва дигар намояндагони вазорату идораҳои кишвар, соҳибкорони ватанию хориҷӣ, меҳмонон аз мамлакатҳои дуру наздик, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории Форуми мазкур мубодилаи афкору таҷриба, баррасии имкониятҳои мавҷуда, тавсеаи ҳамкориҳои судманд, муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ ва имкониятҳои содиротии кишвар ба ҳисоб рафта, он бо мақсади фароҳам сохтани шароити мусоид барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, баланд бардоштани қобилияти рақобатнокии маҳсулот, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, инчунин бунёди фазои шарикӣ ва ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, таъсиси марказҳои муосири логистикӣ, рушди долонҳои байналмилалии коммуникатсионӣ, нақлиётӣ ва иқтисодӣ мебошад.

Абдураҳмонзода А. С. дар кори форум суханронӣ намуда, Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025-ро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №169 қабул гардидааст, муаррифӣ кард.

Қайд гардид, ки Барномаи мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафу афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Стратегияву барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин таҳлил ва таҷрибаи андӯхта аз амалисозии Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 таҳия гардидааст.

Дар барнома самтҳои асосии содироти молҳои афзалиятноки рақобатпазир ва тадбирҳои ҳамаҷонибаи ҳавасмандгардонии содирот, инчунин роҳҳои баланд бардоштани рақобатпазирӣ муайян карда шудааст.