Иштирок дар ҳамоиш доир ба «Сармоягузорӣ барои оянда: имкониятҳои рушди соҳибкории инноватсионӣ дар Тоҷикистон»
22 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид ҳамоиш дар мавзӯи «Сармоягузорӣ барои оянда: имкониятҳои рушди соҳибкории инноватсионӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар мизи мудаввари мазкур Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло ва дигар намояндагони вазорату идораҳои кишвар, соҳибкорони ватанию хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории ҳамоиш татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти роҳандозии ҳукумати электронӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷалби сармоя тавассути тақвият бахшидани ҳамкории вазорату идораҳо, шарикони рушд ва бахши хусусӣ ба ҳисоб меравад.
Восидиён Ф. С. дар ҳамоиши мазкур вобаста ба пешбурди рақамикунонӣ дар иқтисод ва тиҷорат суханронӣ намуд.
Қайд гардид, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳо ва ҳадафу афзалиятҳои муайяннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин Стратегияву барномаҳои қабулнамуда, бахусус Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар баррасии Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Лоиҳаи барномаи қайдгардида ҳадафҳо ва вазифаҳоро дар доираи 8 самти асосии рушди иқтисоди рақамӣ дар ҷумҳурӣ, аз қабили таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори ТИК дар минтақаҳои кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, вусъатдиҳии ҷараёни амалишавии ҳукумати электронӣ, сармоягузорӣ ва нерӯи инсонӣ дар самти иқтисоди рақамӣ, ташкили экосистемаи инноватсионӣ ва стартапҳо, низоми ташкил, ҳамоҳангсозӣ ва амалигардонии иқтисоди рақамӣ, инчунин сармоягузорӣ барои татбиқи иқтисоди рақамиро муайян менамояд.