Новости Министерства



Вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Раиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

11 октябри соли 2021 дар пешманзари ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки баргузории он рӯзҳои 11-13 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Раиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия Ҷиҳангир Саатчиоғлу, инчунин якчанд роҳбарони бахши хусусии Ҷумҳурии Туркия дар фазои дӯстиву бародарӣ сурат гирифта, дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Абдураҳмонзода А.С. қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Раҷаб Тайиб Эрдуғон муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Боиси хушнудист, ки дар 8 моҳи соли 2021 тиҷорати дуҷониба байни кишварҳои мо 15,3 фоиз афзоиш ёфта, 58 фоизи ҳаҷми умумии он ба содироти Тоҷикистон рост меояд.

Илова бар ин ҷонибҳо дар доираи вохӯрии мазкур ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии мутақобилан судманд ва дар ин замина омода намудани Харитаи роҳ бо мақсади то ба 1 миллиард доллар расонидани гардиши савдои дуҷониба, инчунин истифода аз имконоту иқтидорҳои мавҷуда вобаста ба таъсиси корхонаҳои нави муштараки саноатӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо зимни вохӯрии номбурда роҳбарони бахши хусусии Туркияро доир ба самтҳои афзалятноки ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ шинос карда, Равзанаи ягона, Портали савдои Тоҷикистон ва имкониятҳои Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.

Дар робита ба ин роҳбари ширкати туркии «Volkan Group», ки ба истеҳсоли мошинҳои замонавии сӯхторхомӯшкунӣ машғул мебошад, омодагии худро барои ҳамкорӣ ва дар оянда таъсиси корхонаи муштарак иброз намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное