Новости Министерства



Ҷаласаи 1-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Душанбе баргузор гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

21 октябри соли 2021 бо ҳамраисии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва Муовини Котиби Давлатии Маҷористон оид ба рушди муносибатҳои шарқӣ Андраш Барани ҷаласаи 1-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа инчунин роҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони сохторҳои марбутаи ҳарду кишвар ширкат варзиданд.

Дар рафти ҷаласа, ки дар фазои кушод, дӯстона ва созанда гузашт, роҳбарони ҳайатҳо ба сатҳи муосири муносибатҳои Тоҷикистону Маҷористон баҳои баланд доданд.

Дар оғози вохӯрӣ Абдураҳмонзода А. С. қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти ҳамкориҳо бо Маҷористон таваҷҷуҳи хосазоҳир менамоянд, инчунин Маҷористон яке аз аввалин кишварест, кисоҳибистиқлолии Тоҷикистонро эътироф намудааст.

Дар доираи ҷаласа масъалаҳо дар соҳаҳои рушди тиҷорат ва иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ, саноат, нақлиёт, омор, сайёҳӣ ва варзиш, маориф ва тандурустӣ, таҳияи Харитаи роҳ оид ба афзоиши ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, инчунин ҷалби маблағҳои Эксимбонки Маҷористон ва маблағҳои имтиёзноки афзалиятнок ҷиҳати ташкили корхонаҳои истеҳсолӣмавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва берун аз онҳо корхонаҳои саноатӣвобаста ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, дорусозӣва мошинҳои барқиро бо ҷалби сармоягузории ҷониби Маҷористон таъсис диҳанд.

Инчунин Тарафҳо омодагии худро барои ташкили форумҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон ва Маҷористондар доираи ҷаласаи навбатии Комиссия изҳор намуда, баррасии масъалаҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус афшураҳои гуногун, обҳои нӯшокӣ ва минералӣ, меваҳои хушк ба миён гузошта шуд.

Дар анҷоми ҷаласаи Комиссия ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ҳаматарафа густариш ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣизҳор намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласа Протоколи дуҷониба ба имзо расонида шуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное