Новости Министерства



Ҳамоиши тантанавӣ ба унвонии корнамоиҳои иқтисодии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

 

Рӯзи 16 ноябри соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавии ҳайати кормандони вазорат ва зерсохторони он ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ифтитоҳ карда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти вазорат ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар корнамоиҳои бузурги иқтисодӣ нишон доданд ва барои рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву энергетикӣ, татбиқи ислоҳоти фарогир ва баланд бардоштани сатҳӯ сифати зиндагии мардуми кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.

Аз ҷумла татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ барои солҳои 2021-2025 ва дар маҷмӯъ 177 стратегияву барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ мавриди иҷро қарор доранд.

Танҳо дар 20 соли охир (2000 - 2020) ҳаҷми ММД аз 1,7 млрд. сомонӣ то 82,5 млрд. сомонӣ ё 46 маротиба зиёд шуд.

Сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз то ба 26,3 фоиз коҳиш ёфт.

Даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 млрд. сомонӣ то 65,4 млрд. (яъне 65 баробар) ва музди меҳнати миёнаи як корманд аз 16 сомонӣ то 1394 сомонӣ (ё 89,4 баробар) афзоиш ёфтанд.

Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба монанди Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд гардида, шумораи шарикони тиҷоратӣ ба беш аз 110 кишвар афзоиш ёфт.

Даромади Буҷети давлатӣ аз 251,7 млн. сомонӣ то 24,3 млрд. сомонӣ афзоиш ёфт.

Дар ҳамоиш ҳайати коллективи вазорат изҳор доштанд, ки ҷиҳати саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош мекунанд.