Иштироки Тоҷикистон дар ҷаласаи 16-уми Шӯрои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА)

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

Рӯзи 19 ноябри соли 2021 дар шаҳри Тошканд ҷаласаи 16-уми Шӯрои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) бо иштироки намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин созмонҳо ва ниҳодҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар кори он роҳбари ҳайати кишвар, Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо - Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар доираи ҷаласаи Шӯрои роҳбарикунанда масъалаҳо вобаста ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи СПЕКА, аз ҷумла таъсиси Фонд ва Котиботи СПЕКА, савдо, иқтисоди сабз ва ҳифзи муҳити зист мавриди баррасии кишварҳои аъзо қарор дода шуданд.

Роҳбари ҳайати кишвар – Абдураҳмонзода А. С. дар ҷаласаи қайдгадида тақвияти ҳамкориҳоро дар ин самт бо кишварҳои минтақа, махсусан дар давраи пандемия зарур шуморида, таъсис додани Фонд ва Котиботи СПЕКА-ро иқдоми хуб арзёбӣ кард ва дар робита ба он мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо назардошти манфиатҳои иқтисодии кишварамон пешниҳод намуд, ки аз ҷониби кишварҳо пазируфта шуд.

Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба мавзӯҳои ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои марбути экологӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Изҳор карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3 марти соли равон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои обу иқлим суханронӣ намуда, пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шавад ва он аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзои СПЕКА мавриди пазироӣ қарор гирифт. Ҳамзамон масъалаи мазкур дар матни “Эъломияи Тошканд”, ки дар ҷараёни ҷаласа қабул гардид, дарҷ ёфтааст.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное