ТАТБИҚИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АВФ БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲО ВА МАБЛАҒҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Шаҳрвандони азиз!

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя ба иқтисодиёти миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, бахусус фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, аз 2 июли соли 2021, №1802 мавриди амал қарор дорад.

Мутобиқи талаботи қонуни мазкур қонунигардонии маблағҳо ва дороиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар амалӣ карда мешавад.

Тибқи муқаррароти зербанди 12 банди 1-и моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз роҳи қонунигардонии маблағҳо тавассути маблағгузорӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) мебошад.

Айни замон дар кишвар 5 МОИ, аз ҷумла МОИ «Суғд», МОИ «Панҷ», МОИ «Данғара», МОИ «Ишкошим» ва МОИ «Кӯлоб» фаъолият менамоянд.

Тибқи қонунгузории ҷорӣ минтақаи озоди иқтисодӣ – қитъаи алоҳидаи (маҳдуди) қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳудуди аниқ муқарраркардашуда, ки дар он барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзноки иқтисодӣ ва низоми махсуси ҳуқуқӣ муҳайёкардашуда буда, аз имтиёзҳои андозию гумрукӣ (ба истиснои андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ) бархурдор мебошанд.

Шаҳрвандон метавонанд дар сурати пайдо шудани саволҳо вобаста ба имкониятҳои МОИ ба Раёсати маъмуригардонии минтақаҳои озоди иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Телефон барои тамос: 223-17-51;

Суроғаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное