Новости Министерства



Вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо роҳбари Маркази тиҷоратии «Фикри бартар»

.

22 декабри соли 2021 бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо роҳбари Маркази тиҷоратии «Фикри бартар» хонум Париноз Пешдодиён баргузор гардид.

Абдураҳмонзода А. С. қайд намуд, ки рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва муносибатҳои ду кишвар бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Иброҳим Раисӣ ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар 11 моҳи соли 2021 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон 93,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи таҳлилии соли 2020 44,6 млн. доллар афзоиш ёфтааст. Вазни хоси гардиши мол бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра 1,7%-ро ташкил дода, дар сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи 9-ум қарор дорад.

Абдураҳмонзода А. С. ҷиҳати боз ҳам рушд додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ пешниҳод намуд, ки корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли обҳои минералӣ, инчунин хамираи помидор ва консервабарорӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Дар навбати худ хонум Париноз Пешдодиён пешниҳоди мазкурро хуш пазируфта, қайд кард, ки ин ташаббус барои боз ҳам тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар мусоидат хоҳад намуд.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ доир ба омода ва ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва Маркази мазкур, инчунин масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.