Ҷаласаи сенздаҳуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) ва ҷаласаи шашуми Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Миёна оид ба беҳтар намудани фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ» баргузор гардиданд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзи 29 декабри соли 2021 ҷаласаи сенздаҳуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) ва ҷаласаи шашуми Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Миёна оид ба беҳтар намудани фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ» бо роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода А. А. баргузор гардида, якчанд масъалаҳо вобаста ба содагардонии расмиёти савдо ва масъалаҳои марбут ба он мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Қайд бояд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба ҳалли масъалаи таъмини шароити мусоид барои рушди савдои дохилию хориҷӣ, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва дар ин замина андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати кам кардани монеаҳо дар савдо ва хизматрасониҳо ба мақомоти дахлдор дастурҳои мушаххас доданд.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои зикршуда мунтазам вазорату идораҳо якҷо бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд дар доираи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо чораҳои амалӣ меандешанд.

Дар ҷаласаҳои қайдшуда дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо масъалаҳои фаъолияти низоми Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, рушди инфрасохтори логистикӣ ва ҷорӣ намудани китобчаҳои электронии Боркашонии Байналмилалии Автомобилӣ (eTIR) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Солеҳзода А. А. қайд намуд, ки мақсади асосии баргузор намудани ҷаласаҳои мазкур иҷрои саривақтӣ ва сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми навбатии худ вобаста ба суръат бахшидани корҳо ҷиҳати рақамикунонии иқтисоди миллӣ, рушди иқтисоди сабз ва содагардонии расмиёти савдо ба мақомоти дахлдор супориш доданд, мебошад.

Дар кори ҷаласа муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ сурат гирифт, ки масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии кишвар мусоидат менамояд.

Аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати чораҷӯӣ ба вазорату идораҳо ирсол гардид.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное