Новости Министерства



Ҳашари корҳои ободонию бунёдкорӣ ва сабзу хуррамгардонӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон

.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, сабзу хуррам ва озодаю зебо намудани ҳама гӯшаю канори кишвар, инчунин тақвияти корҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва иштироки кормандон рӯзи 17 феврали соли 2022 дар саҳни ҳавлии бинои вазорат ва дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

 

Дар ҳашари ниҳолшинонӣ ва ободонӣ дар гирду атрофи бино ва боғчаи вазорат ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкани ҳамешасабз, инчунин гулҳои ороишӣ шинонида шуданд, инчунин замини гирди дарахтони мавҷуда нарм ва аз алафҳои бегона тозаю озода карда шуданд.

Ҳамзамон бо иқдоми Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ин рӯз ба ноҳияи Панҷ ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкани нодир, аз қабили дарахтони каштан, маджавилник ва кипарис, инчунин 5000 пояи гули лола дастрас гардида, бо иштироки фаъолонаи кормандони вазорат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар майдони Парчами давлатӣ, Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Панҷ ва кӯчаҳои асосии ноҳияи мазкур шинонида шуданд.

Иқдоми мазкур минбад низ идома дода шуда, барои ободу зебо ва сабзу хуррам намудани Пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе ва ноҳияи Панҷ мусоидат хоҳад кард.