Новости Министерства



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Раиси вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон

.

25 феврали соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Раиси вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон Яъқубалӣ Назарӣ ва ҳайати расмии ин вилоят баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Завқизода З.А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Саид Иброҳим Раисӣ муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Қайд гардид, ки дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони ҳар ду давлат ва таваҷҷуҳи хосаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои ду кишвари бо ҳам дӯст, дорои таърих ва забону фарҳанги муштарак буд, ки гардиши савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Эрон дар соли 2021 то ба 121 млн. доллари ИМА ё 2 маротиба нисбат ба соли 2020 афзоиш ёфт.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки ин нишондиҳанда иқтидори мавҷудаи байни кишварҳои моро инъикос накарда, ҳоло ҳам имкониятҳои зиёди истифодаи ин иқтидорҳо вуҷуд дорад ва қадами нахустин дар ин самт таҳияи Харитаи роҳ оид ба афзоиш додани гардиши савдои дуҷониба то 500 млн. доллари ИМА ба ҳисоб меравад.

Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои кушод, дӯстона ва созанда баргузор гардид, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар самти лоиҳаҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истеҳсоли маҳсулоти хурокворӣ, нассоҷӣ, сохтмонӣ, электротехникӣ, қолинбофӣ, маводҳои шустушӯӣ ва пояфзолҳои чармӣ бо ҷалби сармоягузорони эронӣ ва ширкатҳои маҳаллии вилояти Хуросони Разавӣ ба роҳ монанд.

Яъқубалӣ Назарӣ дар навбати худ аз Вазири рушди иқтисод ва савдо даъват ба амал овард, ки зимни сафари корӣ ба Эрон аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ, шаҳракҳои саноатӣ ва корхонаҳои бузурги истеҳсолии вилояти Хуросони Разавӣ боздид намуда, бо фаъолият ва таҷрибаи онҳо шиносоӣ пайдо созад.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.