Новости Министерства



Вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Австрия Вилли Кемпел

.

1 марти соли 2022 вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори навтаъйини Ҷумҳурии Австрия Вилли Кемпел дар фазои дӯстиву бародарӣ баргузор гардида, дар доираи он тақвият ва рушди додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти лоиҳаҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубодилаи таҷриба байни кишварҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ, энергетика, туризм ва дигар самтҳои афзалиятнок ҳамкорӣ намоянд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ҳаматарафа густариши ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба дар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳор намуданд.