Новости Министерства



Вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Руминия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Нур-Султон)

.

Рӯзи 3 марти соли 2022 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Руминия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Нур-Султон) Мадалина Лупу дар фазои дӯстона ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Абдураҳмонзода А. С. қайд намуд, ки ҷиҳати тавсеа ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд, инчунин истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар бахши иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Руминия таҳия ва ба имзо расонидани санади дахлдор оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ба густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ миёни Тоҷикистону Руминия таваҷуҳҳи махсус зоҳир карда, вобаста ба таъсиси Комиссия муштараки байниҳукуматӣ, корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ, саноат, ташкили боздидҳои мутақобилаи соҳибкорони тоҷику румин ва баргузории анҷуманҳои соҳибкорон дар Душанбеву Бухарест, инчунин афзоиши ҳаҷми содирот мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариш ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба дар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳор намуданд.