Новости Министерства



Иштироки роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон

.

22 марти соли 2022 аз ҷониби Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. барои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ, шароити зиндагии аҳолӣ ва раванди таҳияи нақшаи корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дода шуд.

Дар оғози сафари корӣ Солеҳзода А. А. якҷо бо Раиси ноҳия Шоҳиён З. Ф. бунгоҳи тиббӣ, нуқтаи таъмири мошинҳо, ошхона, мағозаи тиҷоратӣ ва дигар иншоотро мавриди истифода қарор доданд. Иншоотҳои мазкур аз тарафи сокинон, шахсони саховатпеша ва соҳибкорони ноҳия бунёд гардида, дар асоси онҳо даҳҳо ҷойҳои корӣ таъсис ёфт.

Сипас Солеҳзода А. А. дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ҷамъомади идона дар майдони варзишгоҳи ноҳия иштирок намуда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияро ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод намуданд.

Зимни баромади худ Солеҳзода А. А. қайд намуданд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди иншооти иҷтимоию иқтисодӣ, роҳҳо, хиёбону боғҳо, корхонаву коргоҳҳо, ободу зебо гардонидани маҳалҳу гулгаштҳо азнавсозии боғи фарҳангию фароғатӣ ва пояи Парчаму Нишони давлатӣ симои ноҳия дигаргун ва зиндагии мардум беҳтару хубтар гардида истодааст.

Таъкид гардид, ки баҳри сазовор ҷашн гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва ҳар як сокини ноҳия бояд саҳмгузор буда, масъулияти баландро дар ин самт зоҳир намоянд.