Новости Министерства



Видеоконфронси Вазири рушди иқтисод ва савдо бо сафирон ва муасиссаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади таъмин намудани намояндагиҳои дипломатӣ бо маълумоти мунтазам, инчунин барои муаррифии беҳтари имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон 30 марти соли 2022 мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон, Покистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Хитой, Эрон, Япония, Қирғизистон, Ҳиндустон, Корея, Малайзия ва консулҳои генералӣ дар шаҳрҳои Екатеринбург, Уфа ва Новосибирск дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои хориҷа афзалияти аввалиндараҷа дошта, бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Зимнан Завқизода З. А. масъалаҳои муҳими ҷойдоштаи низоми тиҷорат ва иқтисоди кишвар, натиҷаҳои рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллиро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022, №116 тасдиқ гардидааст, тариқи рунамо муаррифӣ намуд.

Дар анҷоми баромад Вазири рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ таклифҳои мушаххасро барои пайгирӣ ва рушди ҳамкориҳои минбаъда манзур карда, ба саволҳои сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷа посухҳои дахлдорро пешниҳод намуд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное