Ҷаласаи лоиҳаи Чаҳорчӯби нави ҳамкории СММ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026
30 марти соли 2022 таҳти раёсати муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода ва ҳамоҳангсози доимии СММ, хонум Сезин Синаноғлу дар толори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа лоиҳаи Чаҳорчӯби нави ҳамкории СММ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026 баррасӣ гардид.
Зимни ҷаласа лоиҳаи Чаҳорчӯби нави ҳамкории СММ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026 муаррифӣ карда шуда, нақшаҳои минбаъда ҷиҳати мувофиқа ва баимзорасонӣ муайян карда шуданд. Қайд гардид, ки лоиҳаи Чаҳорчубаи мазкур дар доираи вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими кишвар баррасӣ гардида, афзалиятҳои он бо афзалиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ карда шудаанд.
Ҳайати кишварии СММ инчунин Гузориши солонаи натиҷаҳои фаъолияти СММ дар Тоҷикистон дар соли 2021-ро муаррифӣ намуд. Дар гузориш маълумоти ҳамаҷониба дар тамоми самтҳои асосии кори СММ дар кишвар оварда шуда, оиди дастовардҳо дар маблағгузории Ҳадафҳои рушди устувор, амалҳои муштарак оид ба ғизо, пешгирии зӯроварӣ, масъалаҳои гендерӣ ва вокуниши СММ ба COVID-19 пешниҳод гардиданд.
Чаҳорчӯбаи нави ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид оид ба Рушди Устувор (UNSDCF) муҳимтарин василаи банақшагирӣ ва татбиқи фаъолиятҳои рушди СММ дар сатҳи кишвар мебошад. Ин ҳуҷҷат дар маркази ислоҳоти СММ қарор дошта, дар он таваҷҷӯҳ ба кӯмакҳои башардӯстона ба ҳамкориҳо дар самти рушд дода шудааст. Ҳадафи ислоҳоти СММ беҳтар намудани ҳамоҳангӣ, масъулият ва самаранокии низоми СММ барои дастрасӣ ба натиҷаҳои беҳтар барои мардум ва дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҳадафҳои миллии рушд ва Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 мебошад.
Ҳамзамон дар ҳошияи ин нишаст намоиши расмҳо бахшида ба 30-солагии узвияти Тоҷикистон дар СММ пешкаши иштирокчиён гардид.