Новости Министерства



Вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сардори Шуъбаи идораи лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзи 5 апрели соли 2022 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Сардори Шуъбаи идораи лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд (БОР) Родора Консепсиён баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби Родора Консепсиён ба Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин барои бомуваффақият татбиқ ва анҷом додани лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ» Сертификати беҳтарин Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи БОР тақдим гардид.

 

Қайд бояд кард, ки дар натиҷаи дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 сентябри соли 2020 «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман ба фаъолият оғоз намуд.

Равзанаи ягона дар доираи лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ» таъсис дода шуд, ки дар он 11 мақомоти дахлдори давлатӣ шомил мебошанд.

То моҳи апрели соли 2022 дар низом зиёда аз 2000 истифодабарандагон ба қайд гирифта шуда, 70298 адад дархост ворид гардидааст, ки аз ин шумора 60992 адад ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ пешниҳод шудааст.

Дар идомаи вохӯрӣ Абдураҳмонзода А. С., ба намояндаи БОР марҳилаи дуюми лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ»-ро барои маблағгузорӣ шудан аз ҷониби БОР пешниҳод намуд. Намояндаи БОР пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намуда, таъкид кард, ки масъалаи мазкурро барои баррасӣ ба БОР пешниҳод менамояд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариш ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное